04-05-2021 09:40

ТАДЖИКИСТАН И ТУРКМЕНИСТАН ОБСУДИЛИ ВЗАИМОДЕЙСТВИЕ В МЕЖДУНАРОДНЫХ ГРУЗОПЕРЕВОЗКАХ

image Представители агентств «Туркменавтоулаглары» и «Туркмендемирёллары» («Туркменские железные дороги») в онлайн-режиме обсудили сотрудничество в сфере международных грузоперевозок с сотрудниками Министерства транспорта Республики Таджикистан.

Была выражена обоюдная готовность к взаимодействию в сфере международных автомобильных и железнодорожных грузоперевозок, соответственно, с соблюдением всех эпидемиологических стандартов.

Возможность перевозки Таджикистанских товаров через Туркменбашинский международный морской порт также рассматривалась в процессе переговоров.

Санаи 30-юми апрели соли 2021 вохӯрии намояндагони нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ба таври маҷозӣ доир гардид.

Зимни ҷаласа ҳайатҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии “Туркменавтоулаглари” ва Агентии “Туркмендемирёллари” масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, роҳи оҳан, гузариши транзитӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд. Инчунин, масъалаи истифодабарии бандари “Туркменбоши” барои интиқоли бор ба/аз Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ҳавасмандӣ ва омодагии хешро ҷиҳати барқарор намудани ҳамкориҳо дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва роҳи оҳан баён намуда, иброз доштанд, ки бо риояи ҳатмии талаботҳои эпидемиологӣ барои амалӣ намудани ҳамлу нақли дуҷониба ва транзит чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.

Гуфтушинид дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.