Ба иттилои манбаъ, роҳи мазкур бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Таъкид мешавад, ки баробари мавриди истифода қарор гирифтани он, рафтуомад тариқи ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинг қариб 70 километр кӯтоҳ шуд. Кишвардори Тоҷикистон барои хизмати арзандаи оилаи Амировҳо изҳори сипос намуда, дар маконе, ки тамоми табиати Чилдухтарон намоён аст, Кохи сайёҳӣ бо номи "Қадамҷойи Пешвои миллат" - ро ифтитоҳ кард.