02-05-2020 14:37

ПАНДЕМИЯИ COVID-19:

image Оё роҳҳои кишвар ба самти вилоятҳову шаҳрҳо баста мегарданд?

Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон рўз ба рўз зиёд гашта, ба 3 миллион нафар наздик мешавад.Миёни давлатҳои ИДМ то имрўз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале новобаста аз ин дар Тоҷикистон хоса дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҳамарўза овозаҳои беасос мардумро ба таҳлуқа ва воҳима андохтаанд. Рўзҳои охир овозаҳо оид ба банд намудани ҳаракати васоити нақлиёт ба шаҳру вилоятҳои кишвар паҳн гардиданд. Аз як ҷониб агар ин овозаҳо мардумро ба воҳима андохта бошанд, аз дигар ҷониб мардум бар онанд, ки рафту омади мардум ба шаҳру вилоятҳо бояд ҳарчи зудтар роҳандозӣ гардад, то ки мардум аз хатари паҳншавии вирус эмин бошанд. Аз ҳамин лиҳоз мо тасими гирифтем, ки бо мутасаддиёни соҳа оид ба ин масъала суҳбат намоем.

Қурбоналӣ Хизиров – сардори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» мегўяд, ки ҳанўз оид ба банд намудани ҳакракати васоити наклиёт миёни шаҳри Душанбе ва ВМКБ тасмим гирифта нашудааст. Вале бояд гуфт, ки баҳри пешгирӣ аз ҳар гуна касалиҳои сироятӣ корҳои безарарагардонї ҳам ронандагону ҳам васоити нақлиёти мусофирбарашон роҳандозӣ гардидааст. Хамчунин ронандагон ва мусофирон зимни сафар ҳатмон бояд аз моск истифода намояд. Ғайр аз ин вобаста ба пешгирии касалиҳои сироятӣ ҳамарӯза ронандагон аз муоинаи духтур мегузаранд ва ба онҳо дарсҳо ва машғулиятҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Мирзошариф Раҳимзода – муовини сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт марбут ба масъалаи мазкур чунин ибрози назар намуд:

— Оид ба барқияномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон №3 аз 2-юми апрели соли равон дар самти пешгирӣ аз воридшавӣ ва паҳншавӣ аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар ширкату ҷамъиятҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ, корхонаҳои роҳи оҳан ва муассисоти давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди манотиқ мунтаззам безараргардонӣ ва дастрасу истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ роҳандозӣ гардида, иҷрои ногузири он зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Раҳматов Анварбек, масъули ҶДММ «Маром» мегўяд, ки ҳаракати нақлиёти мусофирбар тавассути роҳи Душанбе – Хуҷанд ҳамарўза таъмин аст, ва аз ҷониби ҷамъият корҳо оид ба пешгирии касалиҳои сироятӣ, аз қабили безараргардонии васоити нақлиёти мусофирбар ва терминал ҳамарўза гузаронида мешаванд. Ронандагон мувазаф гардидаанд, ки бидуни ниқоб ба мусофирбарӣ машғул нагарданд. Оид ба овозаҳои оид ба баста гардидани рафту омади нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Душанбе номбурда изҳор дошт, ки ин овозаҳо асос надоранд ва айни замон рафту омади ҳам васоити нақлиёти мусофирбар ва ҳам дигар васоити нақлиёт бемайлон таъмин аст.