Бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, тадбирандешиҳои ба нигоҳдории роҳ дахлдошта дар фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории роҳи Душанбе –Чанок ба зиммааш вогузор аст, меҳвар аст. Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди фаъолияти пурмаҳсули “IRS”, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн дахл дорад, вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд ва зарурати таъмири кулли аксар минтақаҳои роҳро ба миён омадааст. Бо фаро расидани мавсими гармо, шурӯъ аз 1-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ мешавад. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Иқдоми мазкур муҳиму саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои рисолаташ собитқадам буда, бо дарки масъулият фаъолияти хешро пеш бурда истодааст. АЗ РОНАНДАГОНИ ГИРОМӢ БО АРЗИ ЭҲТИРОМ ДАЪВАТ БА АМАЛ МЕОРЕМ, КИ ИН ИҚДОМРО ДУРУСТ ДАРК ВА РИОЯ НАМОЯНД!